On the occasion of Imamat Day, Mawlana Hazar Imam has graciously sent a Talika Mubarak to the global Jamat, which is being shared via The Ismaili.

ТАЪЛИҚАИ МУБОРАКИ МАВЛОНО ҲОЗИРИМОМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ИМОМАТ, 11-уми ИЮЛИ СОЛИ 2021

9-уми июли соли 2021

Фарзандони рӯҳонии азизам,

Ба муносибати Рӯзи Имомат, 11-уми июли соли 2021, гармтарин ва муҳаббатомезтарин дуоҳои хайри меҳромези падарона ва модаронаи худро ба ҳамаи фарзандони рӯҳонии маҳбубам дар саросари ҷаҳон мефиристам.

Ман беҳтарин дуоҳои хайри меҳромезамро ба фарзандони рӯҳонии даргузаштаам медиҳам ва барои осоиш ва оромиши абадии арвоҳи онҳо дуо мекунам.

Муваффақияти якчанд ваксинаҳо дар имкон гаштани ҳифзи назаррас дар муқобили вируси тоҷдор ниҳоят дилгармкунанда мебошад ва ҷамоати ман дар саросари ҷаҳон набояд дар ҳар чи зудтар гирифтани ваксина дудилагӣ дошта бошад, агар чунин имконият аз ҷониби созмонҳои тандурустӣ дастрас гардад. Аммо, фарзандони рӯҳониям бояд огоҳ бошанд, ки ба пуррагӣ эм шудан низ талаботи идомаи эҳтиёти шахсӣ дар дучор шудан бо хатарҳои ғайричашмдоште, ки намудҳои нави вирус ҳанӯз ҳам тавлид хоҳанд кард, коҳиш намедиҳад.

Ин мояи хушбахтист, ки аз нав боз шудани ҷамоатхонаҳо дар бисёр қисматҳои ҷаҳон имконпазир гардид, вале хоҳиши ман ин аст, ки дар ҳозир шудан дар ҷамоатхонаҳо – воқеан дар ҳама вақтҳои дигар – ҷамоатам бояд дар риоя кардани ҳамаи чораҳои тиббӣ ва бехатарӣ, чуноне ки аз ҷониби созмонҳои тандурустӣ ва созмонҳои мо тавсия мешаванд, бо масъулият амал намояд.

Ду рӯйдоди охире, ки бароям хушбахтии махсусро ба ҳайси Имоми Замон меоранд, ин аз ҷониби ҳукумати Кения ато шудани Хартияи Донишгоҳи Оғохон ва нахустин маросими хатми таҳсили Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, ки он тавассути шартномаи Имомати Исмоилӣ бо ҳукуматҳои Кирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон таъсис шуда буд, мебошанд.  Умедворам, ки ҷамоатам дар ин хушнудӣ бо ман саҳим хоҳад шуд ва дар якҷоягӣ мо дар рушди созмонҳо ва барномаҳои ҷадид пешрафти хубро дастёб шуда, ба сифати воло дар маълумоти олӣ ва тадқиқот идома хоҳем дод.

Ҷамоатам аз кори навоваронае, ки Донишгоҳи Оғохон дар мубориза алайҳи Ковид-19 анҷом додаст, огоҳ хоҳад шуд. Ин талошҳо, дар баробари он амалҳои дигари созмонҳои Имомат ва ҷамоатӣ дар саросари ҷаҳон, шоистаи ваҷду таҳсини баландтарин мебошанд, ва ман ба ҳамаи фарзандони рӯҳоние, ки чӣ ба ҳайси кормандони ҳирфавии тандурустӣ ва чӣ ба ҳайси ризокорон дар таъмини табобат, парасторӣ ва кумак расондан ба ҷамоатам қувваи худро дареғ надоштаанд, дуоҳои хайри меҳромези махсусамро мефиристам.

Ба ҳамаи фарзандони рӯҳониям, ки ба ин муносибати фархундаи Рӯзи Имомат хидматҳо намудаанд ва паёмҳои табрикотӣ ва таманниёти неки худро ирсол кардаанд, беҳтарин дуоҳои хайри меҳромези худро мефиристам.

Ман меҳаббатомезтарин дуоҳои хайри меҳромези худро барои осудагии рӯҳонӣ, муваффақияти дунявӣ, саломатии хуб, хушбахтӣ, нерӯи имон ва иттиҳод дар ҷамоат мефиристам. Ман дуоҳои хайри меҳромези махсусамро барои мушкилосон, амният ва бехатарии ҷамоатам низ медиҳам.

Ҳамаи шумо ҳамеша дар қалби ман, дар афкори ман ва дар дуоҳои ман ҳастед.

Бо муҳаббати қалбӣ,

Оғохон