Солгиреҳи зодрӯзи Мавлоно Ҳозир Имом
0000-00-00
Санаи 12 октябри соли 2025, исмоилиёни саросари ҷаҳон панҷоҳу чаҳорумин солрӯзи таваллуди Мавлоно Ҳозир Имомро ҷашн хоҳанд гирифт; муносибате барои таъаммул дар мавриди пайванди маънавии мунҳасир ба фарде, ки ҳар муридро ба Имоми Замон пайванд медиҳад.
Дар тули таърих, мусулмонони исмоилиро як Имоми Замони зиндаву маврусӣ раҳбарӣ карда, ки аз табори Паёмбари Ислом (салавоттуллоҳ алайҳи ва олаҳ), аз тариқи писар амак ва домодаш, Ҳазрати Алӣ, ва духтараш, Ҳазрати Бибӣ Фотима, ҳаст.
Дар 12 октябри соли 2025, ҷамоати ҷаҳонӣ панҷоҳу чаҳорумин солрӯзи таваллуди Имоми зиндаи кунунии мо, Ҳазрати Воло Шоҳзода Раҳим Оқохонро ҷашн мегирад. Вай дар соли 1971 дар Женева, Суис ба ҷаҳон омада ва дар 53-солагӣ ҷонишини падари худ ва панҷоҳумин Имом шуд.
Ҳозир Имом дар фармони тахтнишинии худ дар 11 феврали соли 2025, мутаъаҳҳид шуданд, ки зиндагии худро вақфи таъмини беҳбуди зиндагонии маънавӣ ва моддии ҷамоати исмоилӣ кунанд. Ишон раҳбарии бисёре аз муассисоти таъсискардаи падарашонро бар уҳда гирифтаанд, аз ҷумла Шабакаи Тавсеъаи Оқохон (AKDN), Муассисаи Мутолеъоти Исмоилӣ, ва муассисоти мудирияти иҷтимоии ҷамоъат.
Ишон ба вижа ба талошҳои AKDN барои ҳифозат аз муҳити зист ва коҳиши асароти тағйироти иқлимӣ таваҷҷуҳ доштаанд ва ба унвони раиси Кумитаи муҳити зист ва иқлими он фаъолият мекунанд. Ҳамчунин таваҷҷуҳи пояндае ба фаъолиятҳои AKDN ва муассисоти ҷомеъаи исмоилӣ дар расидагӣ ба ниёзҳои касоне, ки дар фақри шадид зиндагӣ мекунанд ва ҳимоят аз беҳбуди зиндагонии онҳо аз роҳи омӯзиш, тарбият ва корофаринӣ доштаанд.
Аз феврали 2025, Ҳозир Имом ба Пуртуғол, Қатар, Музамбик, Фаронса, Кения, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Уганда, Қирғизистон ва Миср сафар кардаанд ва бо раҳбарони кишварҳо, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷомеъаи маданӣ дидор кардаанд то равобити худро бо Имомати Исмоилӣ тақвият кунанд ва талошҳои AKDN барои беҳбуди зиндагии ҷамоъатҳои ба ҳошия рондашуда ва осебпазирро пеш баранд. Дар ин муддат, Ишон бо ҷамоъатҳои Фаронса, Кения ва Уганда низ дидор кардаанд.
Ҷашн гирифтани солрӯзи таваллуди Ҳозир Имом, муносибате аст барои исмоилиён то дар бораи пайванди маънавии мунҳасир ба фарде, ки ҳар муридро ба Ишон васл мекунад, андеша кунанд. Ҳамчунин ин фурсатро ба ҷамоъат медиҳад то ишқ, вафодорӣ ва иродати худро ба Имомат иброз кунанд, ки ҷомеъаи исмоилиро ба унвони як кулли воҳид ба ҳам пайванд медиҳад.
Солгиреҳи хушҳолӣ муборак бод!