Дидори Мавлоно Ҳозир Имом бо нахуствазири Канада

0000-00-00

Дидори Мавлоно Ҳозир Имом бо нахуствазири Канада

Имрӯз дар Парламент Ҳилл дар Оттава, Мавлоно Ҳозир Имом ва Марк Карни, нахуствазири Канада, бо интишори баёнияи муштарак, аз ҳамкориҳои ҷадиде барои беҳбуди вазъияти маскани арзон дар Канада ва ҳамкорӣ дар барномаҳои тавсеъаи иқтисодии байнумилалӣ хабар доданд.

Нахуствазир Карни ҳангоми хушомадед гуфтан ба Ҳозир Имом дар Канада, аз раҳбарӣ ва хадамоти вай дар заминаи тавсеъаи ҷаҳонӣ ва ҳукуматдорӣ арҷгузорӣ кард. Вай ҳамчунин ба пайвандҳои устувор миёни Канада ва ҷомеъаи исмоъилӣ ишора намуд, ки пешинаи он ба беш аз 50 сол мерасад.

Нахуствазир Карни изҳор дошт: «Беш аз 120 ҳазор исмоилӣ дар Канада зиндагӣ мекунанд. Онҳо мушорикати азим дар кишвари мо доранд, бисёр фаротар аз он чӣ ин рақами бузург нишон медиҳад; онҳо дар сохтани ҷомеъаҳои мо, корфармоӣ ва ҳамчунин таъаҳҳуди воқеъӣ ба омӯзиш, мазҳаб ва албатта тавсеъа нақш доранд».

Нахуствазир аз маҷмуъи сармоягузориҳои Имомати исмоъилӣ дар тарҳҳои маскани арзони чанднаслӣ дар саросари Канада барои беҳбуди арзаи маскани арзонқимат истиқбол кард. Афзун бар ин, аз тариқи тарҳи «Build Canada Homes», давлати Канада мушорикати дарозмуддат бо Имомати Исмоилӣ барои тавсеъаи маҷмуъае аз тарҳҳои маскан барои қишрҳои камдаромад ва миёнадаромад шакл хоҳад дод.

Ҳозир Имом ва Нахуствазир Карни ҳамчунин эҷоди як «платформи мушорикати иқтисодӣ»-ро барои беҳбуди таъмини молии тавсеъа эълом карданд. Муассисаи «FinDev Canada» ва «Сандуқи тавсеъаи иқтисодии Оқохон» (AKFED) барои гирдоварии сармояҳои давлатӣ ва хусусӣ барои шиносоии фурсатҳои сармоягузорӣ дар зерсохтҳо, энержиҳои таҷдидпазир ва кишоварзӣ дар Африқо ва Осиё бо якдигар ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Ҳозир Имом фармуданд: «Арзишҳо ва усуле, ки зотан канадаӣ ҳастанд, мавриди иштироки мо низ мебошанд ва мо амиқан ба онҳо бовар дорем. Бино бар ин бисёр хурсандем, ки ин дӯстиро жарфо ва густариш медиҳем ва муътақидам, ки имрӯз заминасози ҳамкориҳои бештаре барои табдили ҷаҳон ба макони беҳтар хоҳад буд».

Нахуствазир Карни ҳамчунин эълом кард, ки ҷаноби Дэвид Ламетти, намояндаи доими феълии Канада дар Созмони Милали Муттаҳид, ба унвони намояндаи нави Канада дар Имомати Исмоъилӣ низ мансуб хоҳад шуд; нақше, ки ба пешбурди ин мушорикати таҷдидшуда ёрӣ хоҳад кард.