Мизбонӣ аз Мавлоно Ҳозир Имом дар Ридо Ҳол

0000-00-00

Мизбонӣ аз Мавлоно Ҳозир Имом дар Ридо Ҳол

Мэри Саймон, Фармондори кулли Канада ва Вит Фрейзер, дирӯз дар Ридо Ҳол дар Оттава мизбони зиёфати шоме ба ифтихори Мавлоно Ҳозир Имом буданд. Дар ин зиёфат, Марк Карнӣ, нахуствазири Канада ва чандин тан аз раҳбарони кунунӣ ва пешини ин кишвар ҳузур доштанд.

Ин маросим, ки бахше аз аввалин сафари расмии Ҳозир Имом ба Канада буд, нуқтаи атфе дар равобити дерина миёни Канада ва Имомати исмоилӣ ба шумор меравад; пайванде, ки бар пояи арзишҳои муштарак ва таъаҳҳуде пойдор барои сохтани ҷаҳоне беҳтар бино шудааст.

Ҳозир Имом бо таъаммул дар ин мушорикат фармуданд:
> «Падари фақиди ман, ки бисёре аз шумо ишонро ба хубӣ мешинохтед, бовар ва алоқаи амиқе ба Канада, мардум, арзишҳо ва таъаҳҳуди тазалзулнопазири ин кишвар ба посдорӣ аз усули бунёдини эҳтиром, каромат ва касратгароӣ дошт. Қасди ман ин аст, ки ба тақвият ва густариши ин робитаи арзишманд идома диҳам ва тамомии тавонмандиҳои Имоматро дар ҳамкориҳои муштаракамон ба кор гирам».

Дар панҷ даҳсола, ин мушорикат натоиҷи маҳсусе дар заминаҳои зарфиятсозӣ, тавсеъаи иқтисодӣ ва тақвияти ҷомеъаи маданӣ дар бархе аз чолишбарангезтарин нуқоти ҷаҳон ба ҳамроҳ доштааст.

Мэри Саймон, Фармондори кулли Канада изҳор дошт: «Бисёре аз меҳмононе, ки имшаб дар инҷо гирди ҳам омадаанд, зиндагии худро вақфи касратгароӣ ва сулҳ кардаанд. Ҷомеъаи исмоилӣ дар Канада низ ҳамин масирро паймудааст. Дар фазои ҷаҳонии имрӯз, фаъолиятҳои шумо ва арзишҳои муштараки мо ба унвони як нерӯи суботбахш амал мекунад. Ба ҳамин сабаб ва барои идомаи мушорикат ва дӯстиямон, аз шумо сипосгузорем».

Пеш аз ин дар ҳамон рӯз, нахуствазир Карнӣ ва Ҳозир Имом бо интишори баёнияе муштарак, сарфаслҳои мушорикатҳои ҷадид дар заминаҳои маскан, тавсеъаи иқтисодӣ ва дигар ҳавзаҳои мавриди алоқаи тарафайнро эълом карданд ва заминаро барои ҳамкориҳои тоза фароҳам сохтанд.