​Мавлоно Ҳозир Имом бо ташриф овардан дар Монтреал, бо ҷамоат дидор карданд

0000-00-00

​Мавлоно Ҳозир Имом бо ташриф овардан дар Монтреал, бо ҷамоат дидор карданд

​Мавлоно Ҳозир Имом дар таърихи 26 март як мулоқот бо ҷавонон ва дар рӯзҳои 27 ва 28 март, дидорҳоеро барои ҷамоати Квебек ва манотиқи атроф эъто фармуданд.

​Дар пайи мулоқот бо ҷавонон, як асари ҳунарӣ бо унвони «Дари боз» ба Ҳозир Имом тақдим шуд, ки онро наҷҷорон сохта ва ҳунармандони ҷавон наққошӣ кардаанд. Ин асар бозтобдиҳандаи бунмояҳое аст, ки аз раҳнамудҳои Мавлоно Ҳозир Имом илҳом гирифта шудааст. Ин «дар» бо осори диҷитолӣ аз сӯи ҷавонони саросари Канада ҳамроҳ буд, ки дар онҳо дониш ва тахассусеро, ки дунбол мекунанд ва наҳваи кушудани дарҳо ба рӯи якдигар аз тариқи ин донишро шарҳ дода буданд.

​Дар маҳалли баргузории дидор, Мавлоно Ҳозир Имом аз чидмони ҳунарии «Риштаҳои тобон» (Illuminated Threads) боздид карданд. Барои офаридани ин асар, аъзои ҷамоат аз саросари Канада беш аз 3700 қитъа порчаи суннатӣ  ирсол карда анд. Ин чидмон дорои чаҳор сутун аст, ки ҳар кадом намояндаи як суннати мутафовит — Осиёи Ҷанубӣ, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Сурия — мебошад ва бахши марказии он нишондиҳандаи як «ҷамоати воҳиди канадаӣ», аз ҷумла хонаводаҳое гуногунмазҳаб аст.

​Дар чандин ҳафтаи гузашта, ҳамзамон бо омодасозӣ ва ҷашнҳои ҷамоат, ҳар як аз ин фарҳангҳо аз тариқи мусиқӣ, рақс ва табодулоти фарҳангӣ барҷаста шуданд то аъзои ҷамоат битавонанд дар бораи якдигар бештар биомӯзанд.