Мавлоно Ҳозир Имом марафони Ланданро ба поён расонданд

0000-00-00

Мавлоно Ҳозир Имом марафони Ланданро ба поён расонданд

Мавлоно Ҳозир Имом дар рӯзи якшанбе 26 апрели 2026, ба хатти поёни марафони Ландан бо беҳтарин рекурди шахсии худ расиданд.

Мавлоно Ҳозир Имом аз мушоҳидаи ҳузури аъзои ҷамоат дар ин марафон ибрози хурсандӣ намуданд ва хостори иблоғи табрикоти самимонаи худ ба онон ва ҳамчунин қадрдонӣ аз ҳимоятҳое шуданд, ки аз сӯи аъзои ҷамоат дар миёни ҷамъият дарёфт карданд.

Ҳозир Имом дар фармонҳои худ ҳамеша ҷамоатро ба фаъол мондан ва мушорикат дар фаъолиятҳои баданӣ ташвиқ кардаанд. Вай соли гузашта дар Уганда хитоб ба ҷамоат фармуданд: «Ба унвони пешгирӣ ва нигаҳбонӣ аз саломати ояндаи худ фаъол бимонед, ҳар замон, ки метавонед варзиш кунед ва ҳар рӯз замонеро барои таҳаррук ҷудо кунед. Дар ҳар синне, ки ҳастед ва ҳар қадар ҳам, ки машғала дошта бошед, ҳама метавонанд барои таҳарруки бештар талош кунанд».

Мавлоно Ҳозир Имом дар канори масъулиятҳои пуршумори худ, ҳамчунон замонро ба варзиши муназзам, аз ҷумла давидани истиқоматӣ, ихтисос медиҳанд. Вай пеш аз ин марафони Берлинро дар соли 2024 ва марафони Чикагоро дар соли 2025 ба поён расонда буданд.

Марафон ба таври густарда ба унвони авҷи давидани истиқоматӣ шинохта мешавад; озмуне барои пойдории ҷисмонӣ, қудрати зеҳнӣ ва танзими стратегии суръат, ки ба моҳҳо тамрини сахт, барномарезии тағзия ва бозёбӣ ниёз дорад. Бо ин ҳол, давидани истиқоматӣ варзише дар дастрас аст ва ба таҷҳизот ё сатҳи хоссе ниёз надорад. Мусобиқаҳои бузурги маратон беш аз 50 ҳазор ширкаткунандаро ҷазб мекунанд, ки шомили таркибе аз варзишкорони ҳирфаӣ ва давандагони тафреҳӣ аст.

Рӯйдоди имрӯз шоҳиди аввалинҳои таърихӣ буд. Себастян Саве аз Кения дар бахши мардон бо замони рекорди ҷаҳонии 1:59:30 қаҳрамон шуд ва нахустин касе гашт, ки садди ду соатро шикаст. Дар бахши занон, Тигст Ассефа аз Эфиопия дувумин унвони қаҳрамонии пайдарпайи худро дар Ландан бо рекурди ҷаҳонии 2:15:41 ба даст овард. Пиртарин ширкаткунандаи марди имсол, Ҳарри Нютони 88-сола аз Бритониё буд, ки давиданро аз 57-солагӣ оғоз карда ва имрӯз дар 32-юмин марафони худ ширкат кард. Мария Ривера аз Иёлоти Муттаҳида бо 86 сол, пиртарин ширкаткунандаи зан буд.

Марафони Ландан, ки ҳар сол дар моҳи апрел баргузор мешавад, яке аз ҳафт марафони бузурги ҷаҳон (World Marathon Majors) ва рӯйдоди бисёр мавриди интизор дар тақвими ҷаҳонии даву майдонӣ аст. Масири ин мусобиқа аз парки Гринвич оғоз шуда ва аз миёни маконҳои дидании намодин дар ҷануб ва шарқи шаҳр, бо гузор аз Бурҷи Ландан ва дар имтидоди каронаи рӯди Темза, пеш аз поён дар The Mall дар қалби шаҳр, мегузарад.

Аз замони таъсис дар соли 1981, ин мусобиқа ба далели масири тамошоӣ ва ҳимоятҳои пуршӯри ҷомеаи маҳаллӣ, маҳбубияти физояндае ёфтааст. Ҳар соле беш аз 16 ҳазор довталаб дар истгоҳҳои имдодӣ дар дарозои масир ба давандагон кумак мекунанд. Соли гузашта, ин рӯйдод рекурди бесобиқаи 87.3 милюн фунт барои созмонҳои хайрия ҷамъоварӣ кард ва ҷойгоҳи худро ба унвони бузургтарин рӯйдоди солонаи хайрияи якрӯза дар ҷаҳон дар ҳимоят аз ҳазорон хайрияи миллӣ ва ҷаҳонӣ тасбит намуд.