Мавлоно Ҳозир Имом зодрӯзи худро бо такмили Марафони Чикаго ҷашн мегирад

0000-00-00

Мавлоно Ҳозир Имом зодрӯзи худро бо такмили Марафони Чикаго ҷашн мегирад

Мавлоно Ҳозир Имом дар зодрӯзи худ, якшанбе 12 октябри соли 2025, аз хатти марраи Марафони Чикаго, яке аз ҳафт марафони бузурги ҷаҳон, гузашт. Ӯ масири 42,2 километриро дар камтар аз панҷ соат ба поён расонд.

Мавлоно Ҳозир Имом аз дидани аъзои Ҷамоат, ки дар ин марафон ширкат доштанд, хушнудӣ кард ва хостор шуд, ки табрикоти гарми Ӯ ба онҳо, ва ҳамчунин қадрдониаш аз ҳимояте, ки аз аъзои Ҷамоъат дар миёни ҷамъият дарёфт карда буд, ба онҳо расонида шавад.

Ҳозир Имом дар фармонҳои охирини худ, Ҷамоъатро ба фаъол мондан ва ширкат дар фаъолиятҳои ҷисмонӣ ташвиқ кардааст.

Ӯ бо хитоб ба Ҷамоат, ки барои дидор дар Найробӣ, Кения ҷамъ омада буданд, гуфт: «Ҳар рӯз замонеро барои таҳаррук ва дар сурати имкон, барои варзиш кардан ҷудо кунед. Сарфи назар аз синну мизони пуркорӣ, ҳама метавонанд барои бештар таҳаррук доштан талош кунанд». Ӯ афзуд: «Ин барои саломати ҷисмонӣ ва равонии шумо муфид хоҳад буд».

Ҳозир Имом, афзун бар масъулиятҳои пуршумори худ, вақти худро барои ҳаловат бурдан аз мавҷсаворӣ ва давиданҳои масофаи дароз низ ҷудо мекунад. Вай Марафони Берлинро дар соли 2024 ба поён расонда буд. Ин марафон ба таври густурда ба унвони авҷи давиданҳои тобоварӣ ба шумор меравад. Ин як озмуни устувории ҷисмонӣ, қудрати зеҳнӣ ва замонбандии стратегӣ аст; ва ба ҳафтаҳо тамринҳои сахт, барномарезии ғизоӣ ва барқарорсозии равонӣ-ҷисмонӣ ниёз дорад. Бо ин ҳол, давиданҳои масофаи дароз барои умум дастрас аст ва ба ҳеҷ таҷҳизот ё сатҳи хос ниёз надорад. Рӯйдодҳои бузурги марафон беш аз 50 ҳазор давандаро ба худ ҷазб мекунанд, ки таркибе аз варзишкорони нахустдараҷа ва давандагони тафреҳӣ ҳастанд.

Марафони Чикаго, ки ҳамасола дар моҳи октябр баргузор мешавад, як рӯйдоди муҳим дар тақвими Федеросюни ҷаҳонии варзиши сабук аст. Масири ин марафон аз Грант Парк оғоз ёфта ва аз маҳаллаҳои шимол, ғарб ва ҷануби шаҳр мегузарад ва сипас ба маркази шаҳри Чикаго дар соҳилҳои кӯли Мичиган бармегардад.

Ин мусобиқа аз замони таъсис дар соли 1977, ба далели масири ҳамвор ва дастгирии ҷомеаи маҳаллӣ ба таври пайваста бар маъруфияти он афзудааст. Ҳар сол, давандагон аз беш аз 12 ҳазор довталаб дар истгоҳҳои кумакӣ, ки дар саросари масир тақсим шудаанд, ёрӣ мегиранд. Соли гузашта, ин рӯйдод 30 миллион доллари ИМА барои ҳимояти беш аз 200 созмони ғайриинтифоъии миллӣ ва ҷаҳонӣ ҷамъоварӣ кард, ки ин рекорд ба шумор меравад.