Мавлона Ҳозир Имом сафарҳои худ ба Сингапур ва Австралияро эълом фармуданд
Мавлона Ҳозир Имом дар моҳи январи 2027 сафарҳои расмӣ ба Сингапур ва Австралия хоҳанд дошт.
Дар талиқаи мубораке, ки дар ҷамоатхонаҳои саросари ҷаҳон қироат гардид, Ҳозир Имом фармуданд ки муштоқи дидори ҷамоатҳои хеш дар ҳавзаи салоҳияти Шурои Исмоилии Ҷанубу Шарқи Осиё ва Шурои Исмоилии Австралия ва Зеланди Нав ҳастанд.
Ҳозир Имом ҳамчунин фармуданд ки раёсати маросими бунёдгузории Маркази фарҳангии Исмоилӣ дар Сингапурро уҳдадор хоҳанд буд.
Барои он ки таваҷҷуҳи худро бар ҷамоатҳои сокин дар ҳавзаҳои салоҳияти ёдшуда мутамарказ кунанд, Ҳозир Имом моил нестанд аъзои ҷамоат аз дигар гӯшаву канори ҷаҳон ба шаҳрҳое сафар кунанд, ки он Ҳазрат дар моҳи январи 2027 аз онҳо боздид хоҳад кард.