Мавлоно Ҳозир Имом сафари расмӣ ба Покистонро эълом карданд
0000-00-00
Ба даъвати давлати Покистон, Мавлоно Ҳозир Имом аз таърихи 20 то 26 майи 2026 сафари расмӣ ба Покистон хоҳанд дошт. Он ҳазрат дар ин сафар бо ҷамоъатҳои сокин дар минтақаҳои Гилгит-Балтистон ва Читрол ва ҳамчунин бо мақомоти давлатӣ дар Исломобод дидор хоҳанд кард.
Дар як Таълиқаи Муборак, ки дар ҷамоъатхонаҳои саросари ҷаҳон қироат шуд, Ҳозир Имом баён доштанд, ки қасд доранд дар ояндаи наздик дубора ба ин кишвар сафар кунанд то бо он даста аз аъзои ҷамоат, ки дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии Покистон сокин ҳастанд, дидор намоянд.
Ҳозир Имом ба манзури тамаркузи комил бар ҷамоъати минтақаҳои шимолии Покистон, тамоюл надоранд, ки аъзои ҷамоат аз дигар нуқоти Покистон ё аз кишварҳои дигар, дар ҳангоми ин сафар ба ин минтақаҳо сафар кунанд.