Маросими кулангзанӣ, фасли ҷадидеро барои ҷамоат дар Монтреали бузург рақам мезанад

0000-00-00

Маросими кулангзанӣ, фасли ҷадидеро барои ҷамоат дар Монтреали бузург рақам мезанад

Имрӯз Мавлоно Ҳозир Имом дар маросими кулангзании ҷамоъатхонаи Лавал ширкат карданд, ки он фазои ҷадидест, ки ба ҷамоъати исмоилӣ ва ҷомеъаи густардатар дар Монтреали бузург хидматрасонӣ хоҳад кард. Ин рӯйдод, раҳбарони маҳаллӣ ва маданиро гирди ҳам овард то оғози сохти тарҳеро, ки солҳо дар дасти барномарезӣ буд, ҷашн бигиранд.

Ҷамоъатхонаи Лавал ба унвони як маркази иҷтимоӣ ва конуни таҷаммуъ бо энержии холиси сифр (Net-zero) тарроҳӣ шудааст, ки бо машварати шаҳрдории Лавал, сокинони маҳаллӣ ва зинафъҳои ҷомеъа тавсеъа ёфтааст. Ин марказ фазое барои барномаҳои фарҳангӣ, варзишҳои даруни толор, ҳунарҳои намоишӣ ва гуфтугӯи маданӣ хоҳад буд.

Ин сохтмон бо баҳрагирӣ аз созаҳои чӯбии анбӯҳ (Mass-timber) ва усули тарроҳии «хонаи ғайрифаъол» (Passive House) сохта мешавад ва ҳадафи он дастёбӣ ба амалкарди энержии сифр ва ҳимоят аз гуногунии зистӣ аз тариқи фазои сабз ва муҳаваттасозӣ аст. Ин тарҳ, маконеро, ки пеш аз ин холӣ буд, ба як намоди пойдорӣ дар ҷомеъа табдил хоҳад кард.

 

Устони Квебек дар кишвари Канада маҳалли сукунати ҷамъияти бузурге аз исмоъилиён аст, ки бисёре аз онҳо дар солҳои 1970-ум вориди ин кишвар шудаанд. Дар панҷ даҳаи гузашта, ин ҷомеъа ба бахше ошно аз зиндагии мадании Канада дар ҳавзаҳои тиҷорат, хадамоти умумӣ ва ҳунар табдил шудааст. Бавижа дар Лавал, ин ҳузур ҳамчунон рӯ ба густариш буда ва ниёз ба як маркази ихтисосиро ҳам аз назари корбурдӣ ва ҳам аз назари замонӣ тавҷеҳпазир кардааст.

 

Нилоб Фирӯз, раиси Шурои исмоъилӣ барои Квебек ва Меритаймз, изҳор дошт: «Имрӯз, ҷомеъаи исмоъилӣ дар Квебек ба таври фаъол дар тамомии арсаҳои ҷомеъа ҳузур дорад. Ҷомеъаи мо саҳми маънодоре дар бофти фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ин устон дорад. Мо ифтихор мекунем, ки дар миёни худ корофаринон, омӯзгорон, коршиносони тандурустӣ, хидматгузорони умумӣ ва шаҳрвандоне бисёр мутаъаҳҳид дорем».

 

Ҷамоъатхонаи Лавал ба унвони маконе барои гирдиҳамоӣ ва тафаккури маънавии исмоъилиён амал хоҳад кард, аммо тавсеъаи густардатари ин марказ ба рӯи ҳамагон боз аст. Барномаҳои иҷтимоӣ, рӯйдодҳои фарҳангӣ ва ибтикороти гуфтугӯ ба гунае барномарезӣ шудаанд, ки фарогир ва дар дастрас бошанд ва аз сокинони саросари Лавал истиқбол кунанд. Ҳадаф ин аст, ки сохтмоне сохта шавад, ки ба ҳамон андоза, ки мутаъаллиқ ба ҷомеъаи созандаи он аст, мутаъаллиқ ба кулли маҳалла бошад.

 

Франсуа-Филипп Шампайн, вазири дороӣ ва даромадҳои миллии Канада, гуфт: «Имрӯз мо сирфан хишти нахустин намегузорем ё бетунрезӣ намекунем; балки дар ҳоли сохтани пуле байни фарҳангҳо ва наслҳо ҳастем. Ин як тарҳи баландпарвозона аст, ки таҷассуми он чизе аст, ки ҷомеъаи исмоъилӣ барои беш аз панҷоҳ сол ба Квебек ва Канада овардааст: ҳамафарогирӣ, навоварӣ, хидмат ва такассургароӣ (плурализм)».

Дар ин маросим, раҳбарони миллӣ ва устонии ҷамоъат, ризокорон ва пуштибонон ҳузур доштанд. Мавлоно Ҳозир Имом дар суханони худ аз пешрафти тарҳ то ба имрӯз сипосгузорӣ карданд ва умедвор шуданд, ки ин тарҳ бо комёбӣ ба поён бирасад.

 

Мавлоно Ҳозир Имом фармуданд: «Ман аз ҳамаи шумо сипосгузорам, барои анҷоми коре, ки ҷомеъаи мо вазифадор ба анҷоми он аст; яъне ғано бахшидан, хидмат кардан ва кумак ба рангоранг кардани ҷомеъаҳое, ки дар онҳо зиндагӣ мекунем».