Guidelines for Ethical Wealth Transfer and Inheritance Planning (Tajik)

Эъломияи Анҷумани Байналмилалии Мусолиҳа ва Доварӣ дар мавриди  меъроси сарват ва банақшагирии он

Анҷумани Байналмилалии Мусолиҳа ва Доварӣ (ICAB), бар асоси баррасиҳои солонаи худ дар бораи системаи Мусолиҳа ва Доварӣ дар саросари ҷаҳон мушоҳида кардааст, ки баҳсҳои зиёде дар атрофи тақсимоти сарват дар ҷамоат ба вуқӯъ омада истодаанд. Барои ҳамин ICAB  барои бартараф намудани ин гуна муноқишаҳо ва ба ҳадди ақал кам кардани низоъҳои дохили хонаводагӣ, махусусан баъди фавти аъзои он ба таҳияи дастурамал шурӯъ кард. Он дастур дар асоси ҳидояти Мавлоно Ҳозир Имом дар якҷоягӣ бо уламои Институти Мутоилоти Исмоилӣ  баъди таҳқиқи қонунхои исмоилӣ, анъанаҳо, таҷрибаҳо ва  инчунин қонунҳои миллӣ ба унвони Дастури интиқоли сарват ва банақшагирии меърос таҳия карда мешавад. Иншоаллоҳ, Дастури мазкур ба муридон дар тақсими дороият ва аз ҷумла баъд аз марг барои нигоҳ доштани сарват барои наслҳои оянда, барои эҳтиром намудани баробарии марду зан, посух додан ба ниёзҳои хешовандонашон, ҷавонон ва дигар аъзоёни хонаводае, ки нисбатан осебпазиранд хидмат хоҳад кард. Ва ба ин васила як Ҷамоати устувортар эҷод карда хоҳад шуд.


Дастур ба принсипҳои ахлоқие, ки арзишҳои мазхабиямонро инъикос мекунад, ва ба хусус ба принсепҳои табии адолат ва баробарӣ асос ёфтааст. Истилоҳи “адолат ва баробарӣ” арзишҳои ба монанди адолат, баробарӣ, ҳамдардӣ, меҳрубонӣ ва саховатмандиро таъкид намуда,  инчунин муридонро ӯҳдадор менамояд, ки ба таври одилона ва муносиб наздикон ва онҳое, ки ба кумак ниёз доранд, яъне шахсони заиф ва осебпазир, таъмин намояд.
Дастур барои мулоҳизаронӣ ва гуфтугӯ дар дохили ҳар як хонавода ва бо мушовирони касбӣ пешбинӣ шудааст. Мудоме, ки дар ҳар як хонаводаро ҳолатҳои гуногуни хос ва қонунҳои миллӣ идора менамоянд, тавсияҳо низ характери таҷвизӣ надошта танҳо принсипҳои ахлоқиро тавре тараққӣ медиҳанд, ки муридон дар асоси онҳо мувофиқ ба вазъиятҳои гуногуни хеш натиҷаҳои муносибро эҷод намоянд.


Ҳар як мурид вазифадор аст, ки нақшаи дурусти меросиро ташкил намояд. Набудани васиятнома ё омода кардани васиятнома бидуни банақшагирии оқилона метавонад боиси бавуҷудоварии афсурдагӣ (стресс) ва номутаносибӣ дар лаҳзаҳои душворӣ ва ё марг дар даруни хонаводаҳо гардад. Муоширати хуб ва банақшагирии оқилона, бо кумаки мушовирони касбӣ, барои таҳкими муносибатҳои хуб ва иҷрои ӯҳдадориҳои ахлоқиямон муҳиманд.
Дастур инчунин банақшагирии интиқоли сарватро дар тӯли ҳаёти шахс баррасӣ мекунад. Мувофиқи арзишҳои ахлоқии мо, вақте ки мо ниёзҳои ҳозира ва ояндаи худ ва наздикони худро қонеъ мекунем, имконияти қисмат намудани ҳама гуна изофот ба таври оқилона вуҷуд дорад.


Бо ин роҳ, ҳатто дар давоми ҳаёти худ, мо метавонем ба дигарон, аз қабили аъзоёни ҷавони хонавода ва шахсони дигар ки ба мо вобастагӣ доранд, барои беҳтар кардани сифати зиндагии онҳо, хидмат кунем. Ин дастгирии саховатмандона, ки дар вақти зарурӣ, масъалан, барои маблағгузории таҳсил ё таъмини манзили устувор пешниҳод карда мешавад, метавонад саҳми бузурге бошад, то баҳрабардорони дар ҷаҳони мураккаб ва душвор рушд кунанд.
Дастур тавассути Анҷумани мусолиҳа ва доварӣ ва сомонаи он дар the.ismaili/cab дастрас хоҳанд шуд. Анҷуманҳои мусолиҳа ва доварии маҳаллӣ инчунин метавонанд ба шумо кӯмак расонанд, агар шумо ба маълумоти иловагӣ ё дастгирии иловагӣ ниёз доред.

Дастурҳо оид ба интиқоли сарват ва банақшагирии мерос